IQNA

Сураҳои Қуръони карим / 77

Ҳушдори ҷиддӣ ба инкоркунандагони рӯзи қиёмат

15:06 - May 15, 2023
рақами хабар: 2
Худованд дар сураҳои мухталифе ба фарорсидани рӯзи қиёмат таъкид доштааст ва ба инкоркунандагони рӯзи қиёмат ҳушдор додааст. Аммо дар яке аз сураҳои Қуръони карим 10 бор ин ҳушдор такрор шудааст, ки нишон аз ҷиддӣ будани ин таҳдид дорад.

Ҳафтоду ҳафтумин сураи Қуръони карим “Мурсалот” ном дорад. Ин сура бо 50 оят дар ҷузъи 29 қарор гирифтааст. Сураи Мурсалот, ки аз сураҳои макӣ аст, дар тартиби нузул, сию сеюмин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом(с) нозил шуд.
Ин сураро мурсалот (ба маънои фиристодагон) номидаанд; Ба далели онки дар оғози сура ба онон савганд ёд шудааст. “Мурсалот” ҷамъи “Мурсал” ба маънои фиристодашудагон аст. Манзур аз Мурсалот ё фариштгоне ҳастанд, ки ваҳйро ба Паёмбар мерасонданд ва ё тундбодҳое ҳастанд, ки фиристода мешаванд.
Худованди мутаол дар ин сура ба панҷ чизи бисёр муҳим қасам хӯрдааст. «فَالْعَاصِفَاتِ عَصْفًا؛ وَالنَّاشِرَاتِ نَشْرًا؛ فَالْفَارِقَاتِ فَرْقًا؛ فَالْمُلْقِيَاتِ ذِكْرًا»
“Савганд ба фариштагоне, ки пай дар пай фиристода мешаванд; Ва онҳо, ки ҳамчун тундбод ҳаракат мекунанд; Ва савганд ба онҳо, ки (абрҳоро) мегустаронанд, ва мунташир месозанд; Ва онҳо, ки ҷудо мекунанд; Ва савганд ба онҳо, ки оёти бедор кунандаи (илоҳи)-ро ба (Анбиё) илқо менамоянд”. (Мурсалот, ояти 1 то 5)
Сураи “Мурсалот” бо таъкиди зиёд бар вуқӯъи қиёмат ва нишонаҳои он ва ҳамчунин баёни бахшишҳои Худованд ба инсон, дар мавриди корҳо ва нишонаҳои муҷримон ва некӯкорон ва сарнавишти наҳоии ҳар ду гурӯҳ сухан мегӯяд. Ин сура таъкиди худ бар қиёматро бо таҳдиди шадиди инкоркунандагони рӯзи қиёмат ҳамроҳ мекунад. Ҳарчанд дар сураҳои мухталифе ин таҳдид сурат гирифтааст, аммо ин сура беш аз соири сураҳо ҳушдор ва таҳдид сурат гирифтааст, то ҷое ки дар ин сура даҳ бор иборати «وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِلْمُكَذِّبِينَ: Вой дар он рӯз бар такзибгарон» омадааст, ки ба назар мерасад итмоми ҳуҷҷате бар такзибкунандагони рӯзи қиёмат бошад.
Ба гуфтаи аллома Таботабоӣ, рӯзи қиёмат бо ҳаводисе ҳамроҳ аст, ки нишон аз инқирози дунёи инсонӣ дорад. Ба бовари Ӯ оятҳои 8 то 12 сураи “Мурсалот” низ ба бархе аз ҳаводиси рӯзи қиёмат аз ҷумла торик ва маҳв шудани ситорагон, шикофташудани осмон ва канда шудани кӯҳҳо ишора дорад, ки нишонаҳое аз инқирози зиндагии инсонӣ аст.
Калимаҳои калидӣ: сураҳои қуръонӣ; 114, сураи Мурсалот, вижагиҳои рӯзи қиёмат, инкори рӯзи қиёмат.
 

captcha