Раиси қароргоҳи дипломасияи Қуръонии Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ гуфт:
“Мо ба як сохторе ниёз дорем, ки битавонад ҳамаи иқтидорҳо ва марказҳои Қуръонии дохили кишварро ҳамоҳанг кунад, то натиҷаи муассир ва судманде барои ҷаҳони Ислом ба бор орад.
Яке аз мушкилоти асосии ҷаҳони Ислом ин аст, ки душманон бо истифода аз унсурҳои ихтилофандозӣ, қувваю нерӯи уммати исломиро ба роҳи нодуруст мебаранд.
Вале мо метавонем бо такя ба мафҳумҳои Қуръони Карим, ин тавтеаҳоро хунсо кунем ва ин иқтидори бузургро дар шакли як ‘Парлумони Қуръонии ҷаҳони Ислом’ ба вуҷуд орем.”
18:45 , 2025 Aug 31