iqna

IQNA

сарчашма

Хабаргузории байналмиллалии Қуръонии (ИКНА) дар як нигоҳ

 Нахустин ва бузургтарин хабаргузории тахассусии Қуръони карим дар ҷаҳони Ислом бо унвони хабаргузории Қуръони Эрон, ки бо иборати ихтисории “IQNA” шинохта шудааст, дар бистуми обонмоҳи 1382 баробар бо понздаҳуми Рамазони 1424 ҳ.қ, бо ҳузури раисҷумҳури вақт ифтитоҳ шуд.

Ин хабаргузорӣ бо тавлиди 7 хабар дар рӯз ба забони форсӣ кори худро оғоз кард ва инак пас аз гузашти 18 сол аз фаъолияти худ ба фазли илоҳӣ тавонистааст бо тавлиди рӯзона ҳудуди 500 хабар ба 22 забони зиндаи дунё, аз марзи се миллион хабари қуръонӣ гузар кунад.

Бо таваҷҷӯҳ ба танаввӯъи забонӣ ва рисолати ҷаҳонии хабаргузории “ИКНА” ва фаъолияти густурдаи ин расонаи қуръонӣ дар арсаи байналмиллал, дар исфандмоҳи соли 1391 номи ин хабаргузорӣ бо муҷаввизи муованати матбуотии Вазорати Фарҳанг ва иршоди исломӣ ба “Хабаргузории байналмиллалии Қуръон” тағйир ёфт то ҳамчун худи Қуръон ҳалқаи иттисоли мусулмонон дар саросари ҷаҳон бошад.

Аҳдоф:

 - Иттилоърасонии сареъ ва дақиқи ахбор ва рӯйдодҳои қуръонӣ ва динии кишвар ва ҷаҳон ба мухотабони дохил ва хориҷ.

 

- Талош дар ҷиҳати таҳаққуқи фарҳанги Қуръон дар Эрони исломӣ ва саросари ҷаҳон.

 

- Кашонда ва савқ додани ҷомеа ба сӯи сабки зиндагии қуръонӣ.

 

- Талош дар ҷиҳати маҳҷуриятзудоӣ аз маорифи Қуръони карим дар арсаҳои мухталиф.

 

- Бартараф кардани шубҳаҳо дар бораи тарки низоми муқаддаси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар муносибат бо Қуръон дар назари дигар миллатҳои мусалмон.

 

Забонҳои ИКНА:

Хабаргузории байналмиллалии Қуръонии (ИКНА) дар ҳоли ҳозир ба тавлид ва инъикоси ахбори қуръонӣ ба 22 забони зиндаи дунё шомили: форсӣ, арабӣ, англисӣ, фаронсавӣ, урду, италияӣ, чинӣ, русӣ, испониёлӣ, бенгалӣ, ҳаусаӣ, пашту, ҳиндӣ, туркӣ, суоҳилӣ, озарӣ ва индонезияӣ, филипинӣ, олмонӣ, португаляӣ, малайзияӣ ва тоҷикӣ мепардозад ва ин ахбор ба сурати рӯзона интишор мегардад.

 

Манотиқи хориҷӣ:

 

Минтақаи Ғарби Осиё

Минтақаи Шарқи Осиё

Минтақаи Осиёи Марказӣ

Минтақаи Аврупо

Минтақаи Африқо

Минтақаи Амрико