IQNA

Роҳкорҳои амалии инзиботи ҳаяҷонӣ дар Қуръон

19:40 - April 27, 2024
рақами хабар: 1418
ИКНА - Қуръони Карим дар ростои назмбахшӣ ба ҳаяҷоноти анҷоми бархе умур аз ҷумла табаият аз Парвардигор, ибодат бар меҳвари таодули ҳаяҷонии хавф ва раҷо ва тахлияи тамоми ҳаяҷонот дар иртиботи бо Худоро таъриф мекунад.

Қуръони Карим пас аз шаклгирии бовар ва ангезаи кофӣ барои сомон додан ба ҳаяҷонот, маҷмӯаи иқдомоти амалиётӣ низ барои эҷоди инзиботи ҳаяҷонӣ ироа медиҳад. Аз ҷумла муҳиммтарин лавозими инзиботи ҳаяҷонӣ дар Қуръони Карим пайравӣ аз дастуроти илоҳӣ аст. Қуръони Карим пайравӣ аз ҳидояти илоҳиро мутазаммини бартараф шудани ҳаргуна тарс ва андӯҳ медонад: فَمَنْ تَبِعَ هُدَايَ فَلَا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلَا هُمْ يَحْزَنُونَ (Бақара, 38).

Қуръони Карим дар ростои назмбахшӣ ба ҳаяҷонот ва ҷиҳати тахлияи ҳаяҷоноти таъбия шуда дар вуҷуди одамӣ роҳеро баён намуда, ки ҳам дар мавриди ҳаяҷоноти манфӣ ва ҳам ҳаяҷоноти мусбат коромад бошад. Яке аз роҳбурдҳои Қуръон барои ба коргирии ҳаяҷонот ва таодули авотифи манфӣ, тахлияи ин авотиф ба василаи ибодат аст: وَادْعُوهُ خَوْفًا وَطَمَعًا (Аъроф: 56).

Инсон бо инки ҳаяҷоноти худро дар роз ва ниёз бо Худо тахлия мекунад, ниёзҳояшро мегӯяд, тарсҳояшро матраҳ мекунад ва аз ӯ бартараф шудани онҳоро дархост менамояд, дар ниҳоят ба фазл ва раҳмати илоҳӣ умед дорад. Таваҷҷуҳ ба ин ду сӯи ҳаяҷонот (хавф ва тамаъ) сабаби таодули ҳаяҷонӣ ва қарор гирифтан дар масири таодул дар иртибот бо Худо ва ҳам дар иртибот бо халқ мешавад.

Қуръони Карим ҳамчунин фардро аз шодиҳои зудгузар ва сармаст кунандаи дунё барҳазар медорад: «وَفَرِحُوا بِالْحَيَاةِ الدُّنْيَا وَمَا الْحَيَاةُ الدُّنْيَا فِي الْآخِرَةِ إِلَّا مَتَاعٌ (Раъд: 26). Чунин тафаккуре ҳам фардро аз шодмонии ифротии ҳосил аз лаззоти моддӣ боз медорад ва ҳам қудрати тасаллут бар ҳаяҷонотро ба ҳангоми аз даст додани матоъи зудгузари дунё ба ӯ ато мекунад. Дар воқеъ масири шодӣ ва сарварро дар иртиботи бо Худо ва таваҷҷуҳ ба фазл ва раҳмати ӯ медонад, на ба хотири умури зудгузари дунёи фонӣ: قُلْ بِفَضْلِ اللَّهِ وَبِرَحْمَتِهِ فَبِذَٰلِكَ فَلْيَفْرَحُوا (Юнус: 58).

Бинобар ин Қуръони Карим масири тахлияи ҳамаи анвоъи ҳаяҷонотро дар иртиботи бо Худо ва хости ӯ медонад. Ҳамчунон, ки шодиҳо бояд дар сояи фазл ва раҳматти илоҳӣ бошад, ҳаяҷоноти манфӣ низ бояд дар партави ниёиш аз рӯи хавф ва раҷоъ бо Парвардигор бошад.

captcha