IQNA

Муҷозоти ҳабси абад барои зани покистонӣ ба ҷурми иҳонат ба Қуръони Карим

22:35 - March 24, 2024
рақами хабар: 1263
ИКНА - Додситони додгоҳе дар шаҳри Лоҳури Покистон аз судури ҳукми муҷозоти ҳабси абад барои як зани покистонӣ ба ҷурми тавҳин ба Қуръони Карим хабар дод.

Ба гузориши Шафақ Нюз, Муҳзиб Увайс эълом кард, ки барои Осия Бибӣ, ки дар соли 2021 ба иттиҳоми тавҳин ба муқаддасот дастгир шуда, ҳукми ҳабси абад содир шудааст. Вай муттаҳам аст, ки дар ин сол сафаҳоте аз як Қуръонро сӯзондааст.

уҳзиб Увайс афзуд: қозӣ ин ҳукмро рӯзи чаҳоршанбе дар шаҳри Лоҳур содир кардааст, вале муттаҳам, ки дар ҷараёни муҳокимаи худ ин иттиҳомро рад карда ҳаққи дархости таҷдиди назар дорад.

Бар асоси қавонини Покистон тавҳин ба муқаддасот ва тавҳин ба дин ё шахсиятҳои мазҳабӣ метавонад муҷозоти эъдом дар пай дошта бошад. Агар чи мақомоти покистонӣ токунун фардеро ба ин иттиҳом эъдом накардаанд, аммо танҳо сухан аз ин иттиҳом ва интишори хабари он метавонад мунҷар ба эътирозоти густурда шавад.

Як зани масеҳӣ бо ҳамин ном дар соли 2019 пас аз гузарондани 8 сол маҳкумият дар Покистон аз иттиҳомоти тавҳин ба муқаддасот табраа шуд.

Додгоҳи дигаре дар Гуҷранвала, дар устони Панҷоб, авоили моҳи марти як донишҷӯи 22 соларо ба далели тавҳин ба муқаддасот ба эъдом маҳкум кард ва як навҷавон низ ба ҷурми тавҳин ба Паёмбари Ислом, ба ҳабси абад маҳкум шуд.

https://iqna.ir/fa/news/4206832

captcha