IQNA

Баргузории мусобиқоти байналмилалии Қуръони Танзания

11:41 - March 22, 2024
рақами хабар: 1244
ИКНА - Бистумин мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карими Танзания рӯзи чаҳоруми фарвардин моҳи 1403 дар маркази ҳамоишҳои байналмилалии "Юлиус Нюерере"-и Танзания баргузор мешавад.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, дар ин мусобиқот, ширкаткунандгоне аз кишварҳои Танзания ва Зангбор, Эрон, Миср, Туркия, Африқои Ҷанубӣ, Марокаш, Фаластин, Кения, Бангладеш, Ветнам, Гиринланд, Музомбик ва Кумур ҳузур доранд. Имсол барои нахустин бор, бо ҳамоҳангии ройзании фарҳангии Эрон дар Танзания, Мӯҳсини Қосимӣ ба унвони намояндаи кишварамон дар ин мусобиқот ширкат хоҳад дошт.

Довари ин давра мусобиқотро доварони байналмилалӣ аз ҷумла шайхи Усмон Ал-Ҳаворӣ ва шайх Алӣ Ал-Шамисӣ аз Миср бар ӯҳда доранд.

Меҳмони вежаи мусобиқот Ҳусайн Муъинӣ, раиси ҷумҳури Зангбор хоҳад буд.

Ҷоизаи нафари аввали мусобиқот низ шаш ҳазор доллар таъйин ва тавассути муассисот ва ширкатҳои мухталифи исломӣ таъмини молӣ шудааст.

Ин мусобиқот мӯътабартарин мусобиқоти байналмилалии Қуръон дар Танзания ва дар шарқи Африқо аст, ки тавассути муассисаи Хадаматул-Қуръон баргузор мешавад.

Муассисаи Хадаматул-Қуръон як муассисаи ғайри интифоии исломӣ аст, ки барои густариши фарҳанг ва маорифи қуръонӣ дар Танзания фаъолият мекунад; Ин муассиса дар чанд соли ахир фаъолитҳои Қуръонии мухталиферо аз ҷумла мусобиқоти савт ва лаҳни Қуръони Карим дар сутӯҳи мухталифи миллӣ ва байналмилали баргузор кардааст.

Ҳамчунин ин муассиса бо даъват аз шахсиятҳо ва қориёни тарози аввали байналмилалӣ ба Танзания ва баргузории барномаҳои қуръонӣ барои онҳо, нақши муҳимме дар беҳбуди ҷойгоҳи ин кишвар дар фаъолиятҳои қуръонии байналмилалӣ доштааст; Чунон чи соли гузашта шайх Маҳмуд Шаҳот Анвар меҳмони муассисаи Хадаматул-Қуръони Танзания буд, ки қироати ӯ мавриди таваҷҷуҳи бисёр зиёде аз мусулмонони ин кишвар қарор гирифт.

برگزاری مسابقات بین‌المللی قرآن تانزانیا/ حضور نماینده ایران

https://iqna.ir/00HeKN

captcha