IQNA

Хашми мусулмонони Малайзия аз иҳонат ба лафзи ҷалолаи «Аллоҳ»

5:21 - March 21, 2024
рақами хабар: 1238
ИКНА - Иштибоҳи ошкори як ширкати тиҷорӣ дар фурӯши ҷӯробҳои бо лафзи ҷалолаи «Аллоҳ» дар Малайзия хашми шадиди мусулмонони ин кишварро дар бардошт.

Муҳаммад Наим Мухтор, вазири умури мазҳабии Малайзия пас аз иштибоҳи як ширкати тиҷорӣ, ки хашм ва интиқоди мусулмонони ин кишварро барангехт, хостори оромиш шуд.

Хашми мусулмонон пас аз он барангехта шуд, ки ҷӯробҳои бо калимаи «Аллоҳ» дар ҳоли фурӯхта шудан дар чандин супермаркети занҷираии маҳаллии KK Super Mart дида шуд. Аксҳои ин ҷӯробҳо дар фазои маҷозӣ мунташир ва бо вокуниши шадиди корбарон ва шахсиятҳои муҳим ҳамроҳ шуд, бархе низ хостори таҳрими KK Super Mart шуданд. 

Ин ҳодиса аз онҷое, ки дар моҳи мубораки рамазон рух дод, бисёр ҳассос ба шумор меояд.

Ба гузориши Барномо, Наим гуфт: калимаи «Аллоҳ» дар назди мусулмонон бисёр арзишманд аст; Полис, идораи тавсеаи исломии (Ҷокем) ва вазорати тиҷорати дохилӣ мавзӯъро баррасӣ хоҳанд кард то иллат ва масъули ин масъала мушаххас шавад.

Вазири умури мазҳабии Малайзия ба хабарнигорон гуфт: ба мақомот эътимод кунед то таҳқиқоти худро анҷом диҳанд ва далели воқеиро мушаххас кунанд.

Дар посух ба вокунишҳо, масъулони ин супермарктҳои занҷираӣ бо интишори як пусти фейсбукӣ узрхоҳӣ ва бар таваққуфи фурӯши он таъкид карданд.

Амалиёти бозрасӣ аз шӯъбаҳои ин супермаркети занҷирӣ, ки 800 шӯъба дар саросари Малайзия дорад, анҷом ва танҳо дар се шӯъба ҷӯроб‎ҳои бо калимаи «Аллоҳ» ёфт шудааст.

Су Чин Хуат гуфт: ҷӯробҳо аз Чин ворид шуда ва дар кисаҳои ҳовии 1200 ҷуфт, тарҳҳои мухталиф қарор доштанд. Ин ҳодиса чашмони манро боз кард то дар ҳангоми воридоти маҳсулот аз хориҷ аз кишвар диққати бештаре дошта бошам ва аз ин бобат узрхоҳӣ мекунам.

Хайка Даниел, мушовир равобити ширкатӣ дар KK Super Mart, гуфт: ин иддаоҳо мабни бар инки фурӯшгоҳҳо амдан ин ҷӯробро фурӯхтаанд то ба мусулмонон тавҳин кунанд, комилан нодуруст аст.

https://iqna.ir/00HeJC

captcha