IQNA

«Рамазон» аз забони Расули Акрам (с)

20:41 - March 18, 2024
рақами хабар: 1232
ИКНА - Яке аз маъруфтарин аҳодисе, ки дар мавриди моҳи Рамазон баён шудааст хутбаи маъруфи Паёмбари Акрам (с) дар охирин ҷумъаи моҳи Шаъбон аст, ки ҳазрат ба бархе аз вижагиҳои муҳимми ин моҳ ишора фармуданд.

Дар ин хутба баён шудааст, ки Рамазон моҳе аст, ки мардум дар он ба меҳмонии Худованд даъват шудаанд; Шаби Қадр дар ин моҳ қарордорад ва беҳтар аз ҳазор моҳ аст; Худо рӯза гирифтан дар ин моҳро воҷиб карда ва шабзиндадорӣ ва намозхондан дар як шаб аз шабҳои ин моҳро баробар бо намози ҳафтод шаб дар моҳҳои дигар қарор дода ва ҳаркас дар ин моҳ ба қасди тақарруб кори хайр ва эҳсон анҷом дода подоши касе ба ӯ дода хоҳад шуд, ки яке аз воҷиботи Худоро анҷом диҳад ва касе, ки яке аз воҷиботи Худоро дар ин моҳ анҷом диҳад подоши касеро хоҳад дошт, ки ҳафтод фариза аз фароизи Худоро анҷом дода бошад. Ин моҳ, моҳи сабр аст ва подоши сабр биҳишти Худост; Ин моҳ, моҳи мувосот ва ҳамдардӣ аст; Ва моҳе аст, ки Худо рӯзии бандагони муъминашро дар он афзӯн месозад. Подоши касе, ки дар ин моҳ муъмини рӯзадорро ба ифтор даъват кунад, ҳарчанд бо ҷуръае шир ё чанд дона хурмо бошад, баробар аст бо озодкардани банда ва омурзиши гуноҳони гузашта. Рамазон моҳе аст, ки оғози он раҳмат, миёнааш мағфират, ва поёнаш иҷобати дуо ва раҳоӣ аз оташи дӯзах аст.

Бинобар хутбаи дигар, ки Алӣ (а) аз Паёмбари Акрам (с) нақл карда, Рамазон моҳи баракат, раҳмат ва омурзиш ва беҳтарин моҳ назди Худо муаррифӣ шудааст, ва рӯзҳояш беҳтарин рӯзҳо ва шабҳояш беҳтарин шабҳо ва соаташ беҳтарин соат аст. Дар ин моҳ дарҳои биҳишт гушӯда ва дарҳои дӯзах бастааст. Нафасҳои муъминон дар ин моҳ тасбеҳ, хоби онон ибодат, аъмолашон пазируфта ва дуояшон мустаҷоб аст. Паёмбар дар идомаи ин хутба аз муъминон хостаанд, ки дар ин моҳ бо гуруснагӣ ва ташнагии худ ва ташнагии рӯзи қиёматро ёд кунанд, бар фуқаро ва масокин садақа диҳанд, бузургони худро эҳтиром кунанд, бар хурдсолон тараҳҳум кунанд, силаи раҳм намоянд, забони худро нигаҳ доранд, аз он чи Худо диданашро ҳалол накарда чашм бипушанд ва бар он чи шуниданашро ҳалол накардааст гӯш бибанданд, бар ятимон меҳр биварзанд, аз гуноҳони худ тавба кунанд ва дар вақти намоз даст ба дуо бардоранд. Паёмбари Акрам (с) дар идомаи ин хутба ба истиғфор, саҷдаи тӯлонӣ, ифтордодан ба рӯза дорон, хушхалқӣ бо зердастон, ятим навозӣ, силаираҳм, намози мустаҳаб, анҷом додани воҷибот, салавот ва қироати Қуръон тавсия фармудаанд. Эшон ҳамчунин дар посух ба пурсиши Имом Алӣ (а), беҳтарин амал дар ин моҳро парҳез аз муҳаррамот донистаанд.

captcha