iqna

IQNA

Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ
ИКНА - Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон, субҳи имрӯз, дар дидори масъулон ва коргузорони ҳаҷ ва ҷамъе аз зоирони Байтуллоҳилҳаром, зикри Парвардигор ва «ваҳдату иртиботи мусулмонон»-ро ду унсури бисёр муҳими маънавӣ ва иҷтимоии фаризаи ҳаҷ хонд ва бо ишора ба ҳодисаи азими Ғазза ва ҷиноятҳои режими хӯношоми саҳюнистӣ гуфт: Ҳаҷи имсол дар партави оёти Қуръони Карим ва ёду номи мубораки ҳазрати Иброҳим (а), бояд фаротар аз ҳар сол, ҳаҷи бароату безорӣ аз ин душмани ҷинояткори мусулмонон ва ҳомиёни он бошад.
рақами хабар: 1465    Санаи нашр : 2024/05/06

Истинодоти қуръонии баёноти раҳбари муаззами Инқилоб
ИКНА - Ояти 227 сураи «Шуаро» бо тамоюз қоил шудан миёни ҳунарманд ва шоири гумроҳ аз муъмин, чаҳор вижагии имон, амали солеҳ, бисёр ба ёди Худо будан ва истодагӣ дар баробари ситамро аз сифоти шоирони муъмин бармешумурад, ки бо ҳунар ва қалами худ ёрикунандаи ҷабҳаи ҳақ ва мустазъафон дар муқобили ҷабҳаи куфр ва мустакбирон ҳастанд.
рақами хабар: 1420    Санаи нашр : 2024/04/27

Раҳбари Инқилоби исломии Эрон дар дидори ҳазорон нафар аз коргарон таъкид карданд:
ИКНА - Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон субҳи имрӯз дар дидори ҳазорон нафар аз коргарон, бо баёни нақши калидии ҷомеа коргарӣ дар ҷаҳиши тавлид ва беҳбуди вазъи иқтисодии кишвар, ба табйини вазоифи масъулони ҶИЭ барои ҳалли мушкилоти қишри қонеъ ва наҷиби коргар пардохта гуфт: Ҳоли хуби ҷомеаи коргарӣ, ҳоли миллатро ҳам хуб хоҳад кард.
рақами хабар: 1410    Санаи нашр : 2024/04/24

Дар дидор бо фармондаҳони Олии Неруҳои мусаллаҳ матраҳ шуд;
ИКНА - Имом Хоманаӣ гуфт: навоварӣ дар таслеҳоту шеваҳо ва ҳамчунин шинохти равишҳои душман ҳамвора дар дастури кор бошад
рақами хабар: 1395    Санаи нашр : 2024/04/21

ИКНА - Ҳисоби "X" (Твиттер)-и Khamenei.ir ҷумлае аз раҳбари муаззами Инқилоби Исломии Эронро ба забони ибрӣ мунташир кардааст.
рақами хабар: 1361    Санаи нашр : 2024/04/15

ИКНА - Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон асри дирӯз дар дидори дуву ним соата бо ҳудуди се ҳазор нафар аз донишҷӯён ва намояндагони ташаккулҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва илмии донишгоҳҳои Эрон, фардои беҳтар аз имрӯзро мақсуди аслии кишвар ва низоми Эрон хонд ва бо фарохони донишҷӯён ва ташаккулҳои донишҷӯӣ ба ироаи роҳкорҳои нав ба нав барои таҳаққуқи ин ҳадафи асосӣ ва пешрафт бе ақибгарди моддӣ ва маънавии Эрон гуфт: Тарбияти олим, тавлиди илм ва ҷиҳат додан ба ин ду масъала се вазифаи аслии донишгоҳ аст.
рақами хабар: 1335    Санаи нашр : 2024/04/08

ИКНА - Оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидор бо ҷаноби Исмоил Ҳания бо таъкид бар ин ки куштори мардуми Ғазза дар минтақа ҳар инсони соҳиби виҷдонеро мутаасир мекунад, афзуд: Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мавзуи ҳимоят аз қазияи Фаластин ва мардуми мазлум ва муқовими Ғазза ҳеҷ тардиде ба худ роҳ нахоҳад дод.
рақами хабар: 1283    Санаи нашр : 2024/03/28

ИКНА - Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме ба муносибати оғози соли 1403 ҳиҷрӣ-шамсӣ, соли ҷадидро соли «Ҷаҳиши тавлид бо мушорикати мардум» номгузорӣ кард.
рақами хабар: 1240    Санаи нашр : 2024/03/21

ИКНА - Дирӯз дар аввалин рӯз аз моҳи мубораки Рамазон «Маҳфили унс бо Қуръон» бо ҳузури Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Теҳрон баргузор шуд. Ишон шароити Ғаззаро аз ду буъд дар «авҷ» дониста ва афзуд, ки имрӯз дар Ғазза аз як тараф шоҳиди авҷи ҷиноят ва ваҳшигарӣ ва зулм ҳастем ва аз тарафи дигар авҷи истодагӣ ва истиқомати мардум ва муқовимати исломӣ низ мушоҳида мешавад, ки ба баракати унс ва амал ба Қуръон аст.
рақами хабар: 1209    Санаи нашр : 2024/03/13

ИКНА - Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳаводиси таассуфбори Ғаззаро намунаи ошкор аз зулму таҷовузи ҷабҳаи истикбор ба соҳибони як сарзамин ва куштори бераҳмона ва сангдилонаи зану кӯдак ва нобуд кардани дороиҳо ва манобеи мардуми он сарзамин дониста гуфт: Мухолифати Ҷумҳурии Исломӣ дар воқеъ мухолифат бо чунин зулмҳо ва ҷиноятҳоест, ки бо вуҷуди он ки назди ҳар ақлу урфу шаръ ва виҷдони башарӣ маҳкум аст, мавриди ҳимояти Амрико ва Англис ва бархе кишварҳои аврупоист.
рақами хабар: 1178    Санаи нашр : 2024/03/07

ИКНА - Ҳузури пуршӯри мардуми Эрон дар давоздаҳумин давраи интихоботи маҷлиси Шӯрои исломӣ ва шашумин давраи маҷлиси Хубрагони раҳбарӣ, ки аз субҳи имрӯз, оғоз шуда, бозтоби густурдае дар шабакаҳои хабарӣ ва вебсайтҳои минтақа ва бархе расонаҳои ҷаҳон доштааст.
рақами хабар: 1148    Санаи нашр : 2024/03/01

ИКНА - Оятуллоҳ Хоманаӣ гуфт: Масъалаи Ғазза Исломро ба дунё муаррифӣ кард ва маълум шуд, ки Ислом ва омили дин, боиси иқтидору муқовимату таслим нашудани мардум дар муқобили ин ҳама бомбаборон ва фоҷеаофаринии саҳюнистҳост. Ин масъала ҳақиқати фарҳангу тамаддуни ғарбиро ҳам ба ҷаҳониён нишон дод ва мушаххас шуд, ки сиёсатмадорони баромада аз ин фарҳанг ҳатто ҳозир ба эътироф ба иқдоми саҳюнистҳо дар наслкушии фаластиниҳо нестанд ва бо вуҷуди бархе ҳарфҳо, дар амал бо ветои қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милал пеши таваққуфи ҷиноятҳоро мегиранд.
рақами хабар: 1147    Санаи нашр : 2024/02/29

ИКНА - Раҳбари инқилоби исломии Эрон дар яке аз тавсияҳои худ дар бораи истифода аз рӯзҳои гаронқадри моҳи Раҷаб мефармояд: "Бузургон ва аҳли маъно ва аҳли сулук, моҳи Раҷабро муқаддимаи моҳи мубораки Рамазон донистаанд. Моҳи Раҷаб ва моҳи Шаъбон, як омодагиҳое аст барои инки инсон дар моҳи мубораки Рамазон, ки моҳи зиёфати илоҳӣ аст, битавонад бо омодагии комил ворид шавад. Омодагӣ ба чист? Дар дараҷаи аввал, омодагӣ ба таваҷҷуҳ ва ҳузури қалб аст."
рақами хабар: 946    Санаи нашр : 2024/01/13

ИКНА -  Паёми твиттерии пойгоҳи иттилоърасонии дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, шаби чаҳоршанбе, ҷумлаи ҷадиде аз раҳбари муаззами Инқилобро ба забони ибрӣ мунташир кард.
рақами хабар: 942    Санаи нашр : 2024/01/12

ИКНА - Раҳбари инқилоби исломии Эрон имрӯз дар солрӯзи қиёми таърихии мардуми Қум дар 19-уми моҳе дейи соли 1356 ҳ.ш дар дидори ҳазорон нафар аз мардуми ин шаҳр суханронӣ кард.
рақами хабар: 933    Санаи нашр : 2024/01/10

ИКНА - Конгресси байналмилалии андешаҳои қуръонии Оятуллоҳ Хоманаӣ (иҷлосияи шарқи Ҷумҳурии Исломии Эрон) бо баргузории маросими ихтитомия ва таҷлил аз баргузидагон ба кори худ поён дод.
рақами хабар: 910    Санаи нашр : 2024/01/06

Қуръон чист / 3
Теҳрон (ИКНА) баъзе гароиш ба ин доранд, ки ҳидоятгарии Қуръонро ба арсаи хоссе маҳдуд кунанд, дар ҳоле, ки ҷанбаҳои мутанаввеи аз ҳидояти ин китоби осмонӣ машҳӯд аст.
рақами хабар: 764    Санаи нашр : 2023/11/30