IQNA

Тасвиби қатъномаи маҷлиси Думаи Русия дар вокуниш ба беҳурматӣ ба Қуръон

5:41 - July 01, 2023
рақами хабар: 170
Намояндагони маҷлиси Думаи Русия қатъномаеро дар вокуниш ба беҳурматӣ ба Қуръон дар Шветсия тасвиб карданд.

Теҳрон (ИКНА) ба нақл аз Русия Алявм, намояндагони маҷлиси Думои давлати Русия ба иттифоқи оро қатъномаеро ба тасвиб расонданд, ки бар асоси он, иҳонат ба соҳати муқаддаси Қуръони Карим дар Шветсия ба шиддат маҳкум шудааст.

Дар ин қатънома омадааст: сӯзондани Қуръон дар Шветсия, ки ҳамзамон бо баргузории иди Қурбон ва бо муҷаввизи мақомоти ин кишвар анҷом шуд, ҷинояти бо ҳадафи тавҳин ба эҳсосоти миллионҳо инсони бо имон дар саросари ҷаҳон ва доман задан ба ихтилофоти қавмӣ ва эҷоди нафрат аст.

Ҳамчунин дар ин қатънома таъкид шудааст, ки беҳурматӣ ба муқаддасот, ҳеҷ иртиботе бо озодии баён ва мазҳаб ва усули демократия надорад.

Интизор меравад ин қатънома ба раиси ҷумҳур, Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Паймони Амнияти ҷамъӣ, Маҷмаъи байнулмаҷолиси кишварҳои узви CIS, Созмони ҳамкории Шангхай, маҷмаъи Парлумони Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо ва Созмонҳои дигар ирсол шавад.

Ҳамчунин дастгоҳи қазоӣ Ироқ, имрӯз, дастури муҳокимаи фарди ҳатток ба Қуръони Карим дар Шветсия ва иқдоми қонунӣ алайҳи ӯро содир кард.

Асри рӯзи чаҳоршанбе (28 июн), як шветсияӣ ироқиюл асл ба номи "Салван Момика"-и (37 сола) дар Стокголм, дар нахустин рӯзи таътилоти иди Қурбон, як нусха аз Қуръонро пора кард ва онро дар масҷиди марказии ин шаҳр ба оташ кашид.

https://iqna.ir/fa/news/4151292

captcha