IQNA

Нишасти баррасии пажӯҳишҳои қуръонии Русия баргузор шуд

23:04 - March 25, 2024
рақами хабар: 1270
ИКНА - Нишасти баррасии пажӯҳишҳои қуръонии Русия аз тарафи коргуруҳи тавсеаи пажӯҳишҳои қуръонии арсаи байналмилал бо ҳузури ҳуҷҷатулислом валмуслимин Сайидризо Муаддаб, раиси донишкадаи илоҳиёти донишгоҳи Қум баргузор шуд.

Ба гузориши ИКНА, нишасти баррасии пажӯҳишҳои қуръонии Русия аз тарафи коргуруҳи тавсеаи пажӯҳишҳои қуръонии арсаи байналмилал бо ҳузури ҳуҷҷатулислом ваалмуслимин Сайидризо Муаддаб, раиси донишкадаи Илоҳиёти донишгоҳи Қум, баргузор шуд.

Дар ин нишаст ҳуҷҷатулислом валмуслимин Муаддаб пеш аз вуруд ба баҳс, ҷиҳати ошноӣ бо Русия куллиётеро матраҳ карданд.

Вай бо ишора ба ҷамъияти 142 миллион нафарии Русия ишора карданд, ки 99 дарсади мардуми ин кишвар босаводанд ва 4 мазҳаби умдаи ин кишварро ба тартиби ҷамъият, масеҳияти Уртудукс, Ислом, буддизм ва яҳуд донистанд ва баён доштанд мусулмонон аксаран шофеӣ (сокин дар Маскав ва Қафқози шимолӣ), ҳанафӣ (сокин дар Ҷумҳурии Тотористон) ва шиа (сокин дар Маскав) ҳастанд.

Ин узви ҳайати илмии донишгоҳи Қум бо ишора ба суханони оқои Саҷҷодӣ, сафири вақти Эрон дар Русия афзуд: Русия бо зарфиятҳо ва шароите, ки дорад метавонад дар оянда дувуумин кишвари шиаи ҷаҳон бишавад чаро, ки вижагии ин кишвар, ин аст, ки мардуми ин кишвар, агар мактабе ё мазҳабе, чизи арзишманде барои гуфтан дошта бошад пазиро ҳастанд ва куллан мардуми рус гароиши маънавиёт хоҳӣ доранд ва ба ҳамин далел муваффақият дар Русия дар арсаи дин ва мазҳаб машрут ба ҳузури рӯҳониёни соҳиб нафас аст. Аз ин нукта низ набояд ғофил шуд, ки русҳо баъд аз фурӯпошӣ фикр мекарданд Амрико киштии наҷоти онҳо аст, аммо барои онҳо маълум шуд, ки ин гуна нест ва танҳо фиреб аст. Аз ин рӯ русҳо имрӯза аз Амрико мутанаффиранд. 

Вай дар мавриди донишгоҳи Исломии Маскав, баён карданд, ки ин донишгоҳ узви Шӯрои донишгоҳҳои исломӣ аст, ки 26 узв дорад ва бо ҳадафи ҳамоҳангии фаъолиятҳои динии Қафқоз ва Тотористон ва Бошқиристон ва эҷоди як системи ҳамоҳанг ташкил шудааст. Донишҷуёни ин донишгоҳ тибқи барномаи дарсии мусавваб, дурусеро дар заминаҳои Қуръон, тафсир, улуми Қуръон, ҳадис, сираи Набавӣ, улуми ахлоқ, фиқҳ ва ... ба ду сурати ҳузурӣ ва ғайри ҳузурӣ фаро мегиранд. Донишҷуён дар канори ин дурус, мабоҳисе ҳамчун фалсафа, иқтисод, равоншиносӣ, улуми тарбиятӣ ва таърихи Русияро ба сурати мутолиа ва худхон мегузаронанд. Масъулони донишгоҳ бар ин боваранд, ки бисёре аз фориғуттаҳсилони ин донишгоҳ ҳам акнун дар симатҳои муҳимми динӣ машғули фаъолият ҳастанд аз ҷумла муфтии Украина ва имоми Финляндия. Ҳамчунин донишҷуёни донишгоҳ барои такмили омӯзиш ба кишварҳои Миср, Сурия ва Либия эъзом мешаванд.

https://iqna.ir/fa/news/4206974

captcha