IQNA

Маънои калимаи “Рамазон”

22:25 - March 16, 2024
рақами хабар: 1217
ИКНА - Моҳи Рамазон яке аз моҳҳои қамарӣ аст, ки байни Шаъбон ва Шаввол воқеъ шуда, ки дар ривоёт аз номҳои Худованд дониста шудааст.

Калимаи Рамазон аз решаи «р-м-з» ва ҷамъи он рамазонот ва армизоъ аст. Рамазон ба маънои шиддати гармост ва гуфтаанд чун дар ҳангоми номгузории моҳҳо, ин моҳ дар замони гармӣ ва ҳарорати шадид қарор гирифта буд, ин номро бар он ниҳоданд.

Албатта бархе аз муфассирон монанди Табарӣ дар зайли ояти شَهْرُ رَمَضَانَ الَّذِي أُنْزِلَ فِيهِ الْقُرْآنُ هُدًى لِلنَّاسِ وَبَيِّنَاتٍ مِنَ الْهُدَى وَالْفُرْقَانِ (Бақара, ояти 185) ба нақл аз Муҷоҳид ибни Ҷобир баён доштаанд, ки Рамазон эҳтимолан аз номҳои Худост ва номгузории он бо шиддати гармо иртиботе надорад.

Барои номгузории ин моҳ вуҷӯҳи маънои дигареро низ баршумурдаанд, монанди инки рамазон баргирфта аз «рамазуссоим» аст, ба маънои замоне, ки даруни рӯза дор аз шиддати ташнагӣ доғ мешавад; Баъзе дигар мӯътақиданд рамазон аз армоз ба маънои оташ гирифтан аст, зеро гуноҳон дар ин моҳ бо аъмоли солеҳ оташ мегирад ва аз байн меравад; Иддае дигар баён доштаанд, ки Рамазон аз рамазоъ аст ба маънои санги доғ, чаро ки дилҳо аз мавъиза ва тафаккур дар боби охират мегудозад, монанди гудохташудани рамл ва санг аз хуршед.

Бархе дигар гуфтаанд Рамазон маъхуз аз «Рамзатун-насл», ба маънои тез кардани теғи шамшер бо ба ҳам кӯбидани он дар байни ду санг аст ва ба ин далел ин моҳ ба Рамазон номида шуда, ки дар он арабҳо силоҳи худро тез мекарданд то пеш аз дохил шудан дар моҳҳои ҳаром дар шавол ҷанг кунанд. Номи ин моҳ дар даврони ҷоҳилият нотиқ буд ва Араби ҷоҳилӣ низ онро бузург медоштанд. Қавми Самуд ҳам ба моҳи Рамазон димр мегуфтанд ва солашон бо рамазон оғоз мешуд.

captcha