IQNA

Ҳоҷиён роҳии сарзамини Мино шуданд + филм 

23:33 - June 26, 2023
рақами хабар: 155
Ҳоҷиёни Байтуллоҳилҳаром барои шурӯъи нахустин маносики ҳаҷ, ки шаш рӯз ба тӯл меанҷомад, роҳии сарзамини Мино ва Машъарулҳаром шудаанд.

Теҳрон (ИКНА) ба нақл аз Ал-Ахбория, зоирони Байтуллоҳилҳаром ба манзури оғози маносики ҳаҷ аз шаби гузашта роҳии сарзамини Мино шудаанд.

Ҳоҷиёни Байтуллоҳилҳаром пас аз анҷоми тавоф, имрӯз ба Мино расидаанд то бино ба суннати Паёмбар(с) маносики Тарвия дар рӯзи ҳаштуми зилҳиҷҷа (баробар бо имрӯз дар тақвими Арабистон) адо кунанд. Ҳоҷиёни Байтуллоҳилҳаром дар рӯзи Тарвия ин зикрро такрор мекунанд "لبَّيْك اللهم لبَّيْك، لبَّيْك لا شريك لك لبَّيْك، إن الحمد والنعمة لك والملك، لا شريك لك لبَّيْك". Маносики ҳаҷ пас аз рӯзи Тарвия оғоз мешавад.

Ҳоҷиён дар рӯзи нӯҳуми зилҳиҷҷа барои вуқуф ба саҳрои Арафот мераванд, дар онҷо намози зӯҳр ва асрро мехонанд ва сипас ба самти Муздалифа раҳсипор мешаванд ва шабро дар онҷо мегузаронанд.

Субҳи рӯзи даҳуми зилҳиҷҷа низ зоирон барои рамйи ҷамароти Ақаба ба Мино бозмегарданд, сипас мӯи сари худро метарошанд ё кӯтоҳ ва қурбониро зибҳ мекунанд. Баъд аз он барои адои тавоф ифоза ба самти Каъба ҳаракат мекунанд. 

Зоирон барои гузарондани айёми Ташриқ ба Мино бозмегарданд ва пас аз поёни он, барои адои тавофи Видоъ ба Макка меоянд ва маносики ҳаҷ ба поён мерасад.

Саҳрои Арафот ва чодарҳои Мино барои пазириши зоирони ҳаҷҷи Тамматтуъ омода шудааст. Саудиҳо чодарҳои омода дар сарзамини Миноро тақсимбандӣ кардаанд то кишварҳои мухталиф онро барои ҳузури зоирон таҷҳиз кунанд. Дар идома тасовири ҳавоӣ аз сарзамини маноро мушоҳида мекунед. 

код
код

Теъдоди зоирони Байтуллоҳилҳаром имсол барои нахустин бор ба теъдоди зоирони пеш аз Коронавирус расидааст.

код

https://iqna.ir/fa/news/4150404

captcha