IQNA

Нишасти раҳбарони мусулмон ва масеҳии Русия дар сафорати Эрон ва Ал-Бақои Лубнон 

23:15 - June 26, 2023
рақами хабар: 154
Ҳайате аз раҳбарони мусулмон ва масеҳии Русия пас аз дидор бо шуморе аз масъулини лубнонӣ дар ҷамъи масъулини ҷунбиши Ҳизбуллоҳ дар минтақаи Ал-Бақоъ ва дар меҳмонии сафорати Эрон дар Бейрут ҳузур ёфт.

Теҳрон (ИКНА) ба нақл аз "Ан-нашра", Шайх Элибер Кергенев, муфтии Маскав ва раиси анҷумани динии мусулмонони Русия ва Алексей Черкизов, раиси иттиҳодияи ҷаҳонии масеҳият, ки дар сафар ба сар мебаранд, шаби гузашта ба даъвати Муҷтабо Амонӣ сафири Эрон дар Бейрут меҳмони зиёфати шоми сафорати Эрон буд.

Шайх Моҳир Ҳамуд, раиси иттиҳодияи ҷаҳонии уламои Муқовимат ҳам, ки ба даъвати сафири Эрон дар ин дидор ҳузур дошт, тайи нутқе бар аҳамияти нақши Русия дар Ховари Миёна ва балки ҷаҳон таъкид кард ва гуфт: Русия ҷилави истикбори ҷаҳонӣ ва амрикоӣ истодааст ва Қуръони Карим ба мо дастур додааст, ки ҳомии мустазъафини ҷаҳон бошем ва фишорҳои зӯргуён ва тавтеаҳои мустакбиронро аз рӯи дӯши онҳо бардорем.

Вай афзуд: мо пас аз таҷрибаи тӯлонӣ мегӯем, ки шиори ваҳдати исломӣ шояд маҳол ба назар бирасад ва бархе ба ҷои калимаи ваҳдати исломӣ аз тақриб байни мазоҳиб сӯҳбат мекунанд, аммо мо мӯътақидем, ки шиори ваҳдати уммати исломӣ аз тариқи якпорчагии аҳдофи сиёсӣ мумкин аст.

Шайх Элибер Кергенев, муфтии Маскав ва ҳамроҳони вай ҳамчунин рӯзи гузашта бо шайхи Муҳаммад Язбак, раиси кумитаи шаръӣ ва узви шӯрои Ҳизбуллоҳ дидор карданд.

Ҳайати русӣ пас аз дидор бо мақомоти расмии Лубнон бо сафар ба минтақаи Ал-Бақои Лубнон бо масъулини шиаи ин кишвар ҳам дидор ва гуфтугӯ кард.

Шайх Язбак пас аз дидор бо ҳайати русӣ гуфт: ин нишаст тасвире аз ҳамзистии ислом ва масеҳият ва соири тавоиф дар Лубнон аст.

Узви шӯрои Ҳизбуллоҳ гуфт: ин дидори фархунда муайиди ниёз ба тафоҳум байни ҳамаи Лубнониҳо ва дидор ва гуфтугӯ миёни онҳост, зеро тавоифи лубнонӣ дар ҷомеа ва ба дӯр аз фирқагароӣ як дин доранд, ки таркибе аз адёни иброҳимӣ, исломӣ ва масеҳӣ аст ва ҳамаи мо рӯ ба сӯи Худо меоварем ва таслими Ӯ ҳастем.

Муфтии Маскав низ ба навбаи худ таъкид кард: сафар ба Лубнон ба муносибати солрӯзи ҷанги ҷаҳонии дувум анҷом шуда, ки 27 миллион нафар аз ҷамъияти мусулмонон ва масеҳиён ва дигар ақвоми русӣ қурбонӣ гирифт.

Ин ҳайат аз раҳбарони масеҳӣ ва мусулмони Русия ҳамчунин бо Набиҳ Берӣ, раиси маҷлиси Лубнон ва шуморе аз масъулини ҳизби ин кишвар ҳам дидор дошт.

حضور گرم هیاتی از رهبران مسلمان و مسیحی روسیه در سفارت ایران و البقاع لبنان/آماده

حضور گرم هیاتی از رهبران مسلمان و مسیحی روسیه در سفارت ایران و البقاع لبنان/آماده

حضور گرم هیاتی از رهبران مسلمان و مسیحی روسیه در سفارت ایران و البقاع لبنان/آماده

https://iqna.ir/fa/news/4150365/

captcha