IQNA

Вилл Смит аз алоқаи бисёри худ ба Қуръон парда бардошт 

22:44 - March 18, 2024
рақами хабар: 1237
ИКНА - Вилл Смит, ҳунарпешаи машҳури Ҳолливуд дар гуфтугуе, зимни изҳори алоқаи бисёри худ ба Қуръони Карим гуфт, ки дар як моҳи Рамазон кулли Қуръони Каримро хондааст.

Ба гузориши ИКНА, Вилл Смит, ҳунарпешаи машҳури Ҳолливуд дар гуфтугӯе, зимни изҳори алоқаи бисёри худ ба Қуръони Карим гуфт: дар як моҳи Рамазон кулли Қуръони Каримро хонда ва аз зикри фаровони номи ҳазрати Мӯсо ва достонҳои ӯ дар он тааҷҷуб кардааст.

Ин ситораи Ҳолливудӣ бо ҳузур дар подкасти Бигтойм мутааллиқ ба Амру Адиб рӯзноманигори мисрӣ, гуфт: ду сол пеш дар моҳи Рамазон тамоми Қуръонро хондам ва аз равшанӣ ва вузӯҳи он шигифтзада шудам.

Вай ҳамчунин аз алоқаи худ ба маънавят ва хондани кутуби муқаддас низ сухан гуфт ва баён кард: ду соли сахтро пушти сар гузоштам. Ин дусол боис шуд, амиқан дар худ тааммул кунам ва дар он даврон тамоми кутуби осмонӣ аз ҷумла Қуръони Каримро мутолиа кардам. Ин ду сол даврони ҷустуҷӯи маънавият дар зиндагиам буд, даврае аз ҳаёти ман, ки мехостам то онҷо, ки мумкин аст, меҳри дигаронро дар қалби худ бипарварам.

Вилл Смит дар бораИ ҷузъиётИ дилбастагиИ худ ба қуръон гуфт: қуръон бисёр возеҳ аст ва матолиб дар он бисёр равшан аст ва барои инсон бисёр сахт аст, ки баъд аз хондани он дучори суи тафоҳум шавад.

Вай сипас ба таъсири достони ҳазрати Мӯсо (а) бар ӯ пардохт ва тасреҳ кард: аз зикри фаровон номи ҳазрати Мӯсо ва қиссаҳои он ҳазрат дар Қуръони Карим тааҷҷуб кардам.

Ин ҳунарпешаи машҳури амрикоӣ дар бораи иртибот миёни кутуби осмонӣ низ гуфт: ман бо мутолиаи Қуръон дарёфтам ривоят дар кутуби осмонӣ яке аст, аз Таврот то Инҷил ва Қуръон ин ривоят қатъ нашудааст.

Вилл Смит дар идома афзуд: аз дарки ин ҳақиқат бисёр хурсандам.

код

https://iqna.ir/fa/news/4206071

captcha